Дастовардҳои Мо

 

   Бахтибекова Амина          Рамазони Рустамбек           Нурбахши Инъомшо          Имроншоева Рудоба

            Химия                                     Физика                                     Физика                             Забони англисӣ

             Ҷойи  I                                    Ҷойи  II                                    Ҷойи  III                          Ҷойи  ифтихорӣ

   Ҳамчун анъана давоми соли таҳсили 2017-2018 низ бо роҳандозии Вазорати маориф ва   илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиада дар зинаҳои мухталиф аз рӯйи тамомии фанҳои тадрисшаванда доир карда шуд. Муассисаи таълимиии давлатии Мактаби  Президентӣбарои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ  дастаи мунтахаби худро дар ҳамаи намудаҳои олимпиада шомил намуд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки супоришҳо ва мисолу масъалаҳо мувофиқи сатҳи дониши иштирокчиёни олимпӣ пешниҳод мешаванд, шогирдону омӯзгорон пешакӣ ҳам омодагии зиёд диданд.  Сарфи назар аз он ки аксарияти шогирдон натавонистанд соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гарданд, аммо то андозае аз иҷрои саволу супоришҳо баромаданд. Дар маҷмуъ, мактаб соҳиби се медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) гардид. Яъне, Бахтибекова Амина хонандаи синфи 11-ум, аз рӯйи фанни химия бо гирифтани 73 хол соҳиби медали тилло, Рамазони Рустамбек-хонандаи синфи 10-ум аз рӯйи фанни физика бо гирифтани 70 хол соҳиби медали нуқра ва Нурбахши Инъомшо хонандаи синфи 7-ум аз рӯйи фанни физика  бо гирифтани 64 хол  соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.  Инчунин, хонандаи синфи 11 Имроншоева Рудоба аз рӯйи фанни забони англисӣ  бо гирифтани 69 хол соҳиби ҷойи ифтихорӣ гашт.

Айни ҳол хонандагон ва омӯзгорони мактаб дар ҳоли омодагӣ ба озмунҳои навбатӣ мебошанд.

Раҳим Азизбеков  (Маркази иттилоот)