Китобхонаи электрони

Китобхонаи электронӣ ва маркази  интернетӣ дар мактаби Президентии  шаҳри Хоруғ

  Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

 Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Оре, “ганҷ магир – китоб гир” мегӯянд. Халқи тоҷик  аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ  эҳтиром ва эътиқоди  хосса доранд.Китоб  манбаи  илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани  фарҳанги миллӣ  пояи тамаддуни  ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари  ганҷи сухан аст. Дар замони имрӯза тариқи шабакаҳои интернетӣ китобхонӣ ба роҳ монда шудааст.Дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хоруғ  китобхонаи нави электронӣ ва ба талаботи имрӯза  ҷавобгӯ кушода ба истифода дода шуд. Боиси хурсандист, ки аз ин макони илм тамоми омӯзгорон ва хонандагони мактаб самаранок истифода мебаранд. Беҳбудии китобхонаи электронӣ дар он аст, ки сари вақт ҳам шогирдон ва ҳам устодон мушкилоти  худро ҳаллу фасл менамоянд. Дар китобхона сари вақт китобҳои даркорӣ дастрас карда мешаванд.