Мактаби мо

ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОХӢ — РӮЙ БАР МАКТАБ БИЁР

Бояд таъкид намуд,ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок эълон гардидааст.

Пешвои миллат дар баромадҳои барномавӣ  ва паёмҳои ҳамсолааш ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи маориф, бахусус тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода беҳдошту рушди онҳоро талаб мекунад.

Муассисаи таълимӣ шоистатарин макон дар омӯзиш ва парвариши ахлоқии насли наврас буда, дар ташакулёбии симои маънавии ҳар як фард

нақши муфид мебозад. Дар ҳақиқат ҳам мактаб асоситарин маҳали  парвариши арзишҳои ахлоқӣ буда, аз тарбиятгирандагони ин макони адабомӯз салоҳият ва садоқати хосаро интизор аст.

Натиҷаи ниҳоии фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ аз дохил шудани шогирдон ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он вобастагӣ дорад. Дар давоми соли таҳсили 2016-2018 яке аз масъалаҳои асосие, ки дар назди коллективи омӯзгорони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва волидони ин муассиса меистод, ин омода намудани хатмкунандагони синфҳои 11 барои дохил  шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад байни омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони мактаб дар соатҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, интихоби ихтисосҳо ба муассисаҳои олӣ, тартиби бақайдгирӣ, истифодаи сомонаи марказ ва кабинети инфиродӣ, тартиби кор кардани тест, маълумот дар бораи кори хаттии эссе, баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ, тақсимоти довталабон ва дигар маълумотҳои иттилоотию методӣ дода шуданд. Натиҷа ҳамин буд, ки дар соли таҳсили 2016-2017 аз 64-нафар хатмкунандагони мактаб 62-нафарашон унвони баланди донишҷуйро соҳиб шуданд, аз онҳо 34- нафар ба Донишгоҳҳои Федератсияи Россия, 1- нафар ба Ҷумҳурии халқии Хитой, 1- нафар ба ИМА , 14- нафар ба Донишгоҳҳои Қирғизистон ва Қазоқистон дохил шуданд. Моли таҳсили 2017-2018 муассисаи таълимиро 75-нафар хонанда хатм намуданд, ки аз онҳо 74-нафар  соҳиби унвони донишҷӯй гардиданд, ки аз онҳо 41-нафар ба Донишгоҳҳои дохили кишвар ва 33-нафар ба  Донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил гардиданд. Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз муассиса 5-нафар шогирд таҳсил мекунанд.

Дар Паёми имсола низ ба сифати донишазхудкунии хонандагон ва забондонии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ин лиҳоз, мактаб мақсад дорад, ки дар оянда синфҳои омӯзишашон бо забони англисиро зиёд намояд. Барои пеш бурдани раванди таълим ва тарбия барои ин синфҳо

8-нафар мутахассисони касбии фаннӣ таълим медиҳанд. Барои беҳтар шудани таълими фанни забони русӣ дар асоси Шартномаи дутарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз соли таҳсили 2017-2018 сар карда 4-нафар омӯзгор дар мактаб фаъолият карда истодаанд, ки ҳамаи шароитҳои зисту зиндагӣ ва таълимӣ барои онҳо муҳаё карда шудааст.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паёми имсола таъкид гардидааст, ин масъалаи худомӯзӣ, бозомӯзӣ ва умуман такмили ихтисос ба шумор меравад. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки “ Ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос” ва бозомӯзии  кадрҳои  соҳаи маориф, аз ҷумла истифодабарандагони воситаҳои технологияи иттилоотӣ чораҳои иловагӣ андешанд.” Маъмурияти мактаб ҳамаи инро сармашқи кори худ қарор дода, дар асоси мактубҳои дастурии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар давраи таътили тобистона ва зимистона беш аз 49-нафар омӯзгоронро ба семинару курсҳои кӯтоҳмуддате, ки дар шаҳри Душанбе ва вилоят баргузор гардида буданд, фаро гирифт. Инчунини дигар соли сеюм аст, ки аз тарафи омӯзгорони технологияи иттилоотии мактаб дар ин давра курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ  барои омӯзгорони мактаб гузаронида мешавад, ки ин боиси баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар муассиса мебошад.

Хулоса, кӯшишҳо ва талошҳои пайвастаи омӯзгорони Мактаби Президентӣ танҳо ва танҳо ба он равона мегардад, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандустӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуда, дар оянда кӯшиш менамоем, ки шогирдони лоиқи давронро омода намоем, то ки дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Директори Мактаби Президентӣ Қонунзода Ш

Муфассал

ВАТАН ДОРАМ, ВАТАНДОРАМ!

Чахор чиз саодати шахс хаст :

Ҳамсари шоиста

Фарзандони хайрхоҳ

Рафиқони хуб

Рузӣ дар ватан

Муҳимтарин чизро  рузӣ ва пирузӣ дар Ватан меҳисобам. Бе ин иқдом ин се чизи дигар амалӣ  шудан номумкин аст. Ватан ҷоест, ки дар он таваллуд шудӣ. Ватан аз гаҳвора,  аз зодгоҳ, аз кӯчаю паскӯча сар мешавад. Он ҷой барои мо муқаддас аст. Онро сидқан дӯст доштан  лозим. Муқаддас  аст, Ватан монанди модар. Ватандорон! Ватан ин ҷои ҷанг нест.

Яке аз бузургони асри гузашта

таъкид кардаанд: Модоме, ки  мо  ҳамчун  паранда парвоз мекунем, ҳамчун наҳанг дар қаҳри баҳру уқёнус  шино мекунем, пас биёед ҳамчун «Инсон» зиндагӣ ва умр ба сар барем.

Дар ҳаёти осоишта, дар фазои сулҳу амонӣ, осудагию ободии кишварамон, корҳои созандагию  хуррамгардонии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош кунем. Ба ин осудагии диёрамон шукргузор буда, ба ояндаи дурахшони  ин  Ватану ин меҳан боварӣ хосил кунем. Ин аст, муҳимтарин  падида барои ҳар яки мо. Зеро ин боварии устувор барои фарзандон дорем, ки онҳо бо орзуҳои ширини худ ба оянда нигарон ҳастанд.

Имрӯз таъсири қалам дар ҷомеаи мо назар бар таъсири шамшер пурқувватар шудааст. Дастраси умумӣ гардидани иттилооти ҷаҳонӣ, ҳар гуна таблиғотҳо паҳн гаштан дар сомонаҳои иҷтимоӣ метавонад таъсири манфии худро расонад. Имрӯз мо боварии бештар дорем, ба он  ки мо дар гирди худ  бо чашми  худ мебинем!!!

Пас чаро ???

Бародарону  хоҳароне, ки берун аз Ватан,  аз диёру макон, дур  гаштанд, зарраи хоку регро барои ободии ин меҳан накарда фақат ба таҳлилу ба хулосабарорӣ ва танқидкунӣ машғул ҳастанд.Ташкил намудани хар гуна  паймонҳои ғамгузори халқу миллати тоҷик  барангехтани иғво  нишони меҳрубон будан барои Ватан нест ва намешавад.

Таҳлил аз ҳама кори осон аст. Зарраи кӯмак ва хизмат кардан барои фарзандони диёри худ, барои халқи худ ва сонӣ барои миллат аз ҳама кори душвор будааст.

Барангехтани иғво миёни мардум, шӯрандозӣ байни минтақаҳо, тафриқаандозӣ байни мазҳабҳо барои манфиати шахсӣ тӯҳматандозӣ ва ҷустани айби дигарон ноҷавонмардист.

Шоҳсутуни ҳар як давлат ва миллат ин Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  КДАМ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва Мудофиаи он, Вазорати Корҳои Дохила ин бехатарии давлат марзу буми он, тартиботи ҷамъиятии онро кафолат медиҳад.

Пас модоме, ки ин мақомотҳо бадбахтии ҳамаи шумо будастанд, тасаввур кунед, ки онҳо фаъолият надоранд дар давлат!

Чӣ мешавад? хаос, анархия, бетартибӣ, бесару сомонӣ, дуздӣ, авбошӣ, кушокушӣ ва оқибат ҷанг. Ҷанг даҳшат муромурӣ, қасосгирӣ, гуруснагӣ ва ҳоказо.

Ҳамаи инро дидем. Паси сар шуд. Рӯзи офтобӣ, рӯзи нек омад бо нияти  нек, атои Яздони пок барои миллати нексиришти Тоҷик бахшида шуд —  Пешвои Муаззами Миллат Эмомалӣ  Раҳмон.

Меҳнати фидокорона, талошҳои ҷавонмардона ва зери хатар мондани ҳаёти худ, Тоҷикистони маҳбубамонро ба по хезонданд. Имрӯз ин Ватан ба куллӣ тағйир дода шуд. Диёри файзбори мо бо сиёсати  оқилонаю дурандешонаи худ мақоми хосаро соҳиб шуд. Ба истифода дода шудани чархаи якуми НОБ- Роғун шаҳодати ин гуфтаҳо. Аксари  бародарони  мо изҳор мекунанд, ки Сиёсати Тоҷикистон ин фақат худнамоӣ бо рақсу суруд бо ташакулли боғу намоишгоҳҳо таҷассум мегардад. Пас сохтмони НОБ Роғун чист?

Намояндаи Ҳукумати Италия дар кушодашавии сохтмони аср изҳор намуд: биёед нишон диҳед ба тамоми ҷаҳон: чӣ хел муҷизаи беназир ва беҳамторо сохтед.Бо номуси баланд сохтмон идома дорад. Ин хел мисолҳо бешумор ҳастанд.

Тоҷикистони маҳбуби мо   28- сола мешавад. Кори бузургро барои халқи худ адо кард:

— Ваҳдату ягонагиро барпо кард

— Сулҳу суббот ва оромиро таъмин кард

— Ҳаёти осоишта барқарор шуд

— Зиндагии шоиста барои шаҳрвандон насиб гардид

— Боварӣ ба фардои нек ва ояндаи дурахшон ҳосил шуд

Бо шеъри  устод Лоиқ суханро хотима мебахшам:

Агар як лаҳза ношукри ҳамин давру замон бошам,

Сиёҳбахтам, сиёҳрӯзам, сиёҳрӯзам, сиёҳкорам!

Ба ғурбат дида эй бас беватанҳои ҳакиру зор,

Ҳазорон шукр  кардам, ки Ватан дорам, ватандорам.

Директори Мактаби Президентӣ Қонунзода Ш

Муфассал

ТАРБИЯИ НАСЛИ ФАЪОЛУ ЭҶОДКОР

Мусаллам аст, ки маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши муассир ва тақдирсоз дорад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, бар асоси мактабу маориф инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ, маориф муҳимтарин воситаи тараққиёти ҷомеа ва рушди маърифату

ташаккули инсон аст. Дар заминаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ояндаи давлат ба таваҷҷуҳ ва иродаи сиёсии он ба маориф пайвандии ногусастанӣ дорад.

Ба илму дониш фаро гирифтан ва дар рӯҳияи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, ватандӯстӣ, риояи қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, заҳматписандиву зебопарастӣ, сарфаву сариштакорӣ, ботаҳаммуливу тоқатпазирӣ, масъулиятшиносиву эҷодкорӣ тарбия намудани ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳадафи аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин радиф роҳбари давлат чунин таъкид менамояд: «Тарбияи насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат боқӣ мемонад. Зеро пешрафту тараққиёти ҳар як давлатро маҳз кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд. Мо бояд ҳамаи имконияту захираҳои маънавию зеҳнии худро барои ислоҳот ва таҷдиди шуури насли наврас ва ҷавонон, инчунин соҳибмаърифату соҳибихтисос гардонидани онҳо сафарбар намоем».

Вобаста ба нишондоди Президенти мамлакат ҳама гуна дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва ихтироот, ки тавассути ақли инсонӣ сурат мебандад, аз мактабу маориф ва низоми дурусти таълиму тарбия маншаъ мегирад. Аҳли маорифи кишварро мебояд бо ифтихори ватандорӣ ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҷаҳду талош намуда, дар тарбияи шахсиятҳои наҷиб, эҷодкору навовар дастёб гарданд.

Мо дар давоми бисту ҳафт соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту ҳафт сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.

Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.

Бо дарназардошти он ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани дастовардҳои истиқлолият аз наврасону ҷавонони имрӯза вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврасро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат эълон гардидааст.

Чунки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайримумкин аст.

Маҳз бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала соли 2017 дар мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардид ва сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: «Ман ҳамеша ба ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд».

Мо бояд Ватанамонро дӯст дорем ва кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

Муфассал

ОИЛА — ОҒОЗГАҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Нақши оилаи солиму устувор дар парвариши инсони комилу ботамкин ва тарбият ёфтани фарзандон дар рӯҳияи ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси эҳтиром ба арзишҳои волои миллию фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ басо муҳим ва аҳамияти бағоят бузургро дар ҳар халқу

миллат дорад. Муҳити солиму бардавом ва умедбахш аз оилаи солим сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, оилаи устувор яке аз рукнҳои асосӣ ва пояи истиқлоли ҷамъияту давлат маҳсуб меёбад. Зеро дар моддаи 33-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад». Волидон, ки сутуни оиларо ташкил медиҳанд, набояд як нуктаро фаромӯш намоянд, ки пояи оила ҳар қадар солиму мустаҳкам бошад, ҷомеа низ ба ҳамон андоза солиму устувор мегардад. Волидон бо ахлоқу рафтори дуруст бояд намунаи ибрат барои фарзандон бошанд. Дигар роҳи ба камоли инсонӣ расонидани фарзанд ин ба таҳсил фаро гирифтани он аст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи муҳсинӣ»-и худ чунин назар дорад: «Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод таҳсили адаб аст». Пас маълум мешавад, ки беҳтарину хуштарин мерос ба фарзандон ин таҳсили адабу ахлоқи ҳамида мебошад. Ба гуфтаи Кошифӣ илова намуда талқин менамоем, ки дар шароити имрӯза дар баробари ба таҳсили адаб фаро гирифтани фарзанд, онро ҳатман ба таҳсили касбу ҳунар низ бояд равона сохт. Муаллифи китоби «Кимиёи саодат» дар ин бора чунин гуфтааст: «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар. Дили ӯ чун об софу чун ҷавҳар нафис асту нақшпазир… ва чун замин пок аст, ҳар тухме дар он бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чи хоҳад, кунад ва бо ҳар ки хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ». Имрӯз волидайнро зарур аст, ки фарзандони хешро мутобиқ ба талаботи замони муосир ва омӯхтани техникаву технологияи наву навтарин ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ тарбият намоянд, зеро донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботҳои замони муосир ва тақозои замон аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид гуфтаанд: «Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад».

Ҳамзамон, аҳли ҷомеаи имрӯзаи моро мебояд, ки бевосита дар анҷом додани корҳои нек ва дуруст, дар рӯҳияи ҳисси баланди ватанпарастӣ тарбия кардани ҷавонон саҳмгузор бошанд ва ҷавононро ба омӯзиши илму ҳунар, аз бар намоии техникаву технологияи муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят намоянд. Зеро кори таълиму тарбия на фақат кори падару модар ва омӯзгор, балки кори тамоми аҳли ҷомеа аст.

Муфассал