Фаъолиятҳои Мо

22.09.2022/

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

22 сентябр ҳар сол Рўзи Рўдакӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон қайд карда мешавад.

Дар ин рӯз дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он аз хусуси ҳаёт ва фаъолияти шоири некноми асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномаҳо нишон дода шуда рубоиёт ва ғазалҳои шоир қироат гардиданд.

Бартар аз дидори рўи дустон.

Ё худ шоҳбайти дигар

Гар бар сари нафси худ амири мардӣ…..

ва даҳҳо шоҳбайту рубои, қасидаву қитъа ва абёти гуногуне, ки дар худ беҳтарин хислати инсониро таранум намудаанд танҳо инсоне эҷод карда метавонад, ки худ саропо панд аст.

Бале чунин буд, устоди устодон шоири бузурги миллати тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ –қайд намуд дар оғози чорабинии бахшида ба ифтихори Рўзи Рўдакӣ Мавлуда Бойназарзода, директори муассисаи давлатии Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ. Боӣназарзода Мавлуда иброз дошт, ки Абуабдуллоҳи Рўдаки-шоири арҷманди тоҷик натанҳо ифтихори тоҷику тоҷикистони балки ифтихори аҳли аҷам мебошад. Модари тоҷик Рўдакиро ба дунё овард ва рўдаки самимияти мехрубони, арҷгузори, иззату эҳтиром нисбат ба забони миллатро ба дунё овард. Ҳар як абёти ў бо гузашти замона боз ҳам мавќеи худро аз пештара бештар дар рўзгорон касб мекунад. Дар ин чорабини қайд гардид, ки асрҳо паси сар гард

иданд ва ҳамоно панду андарзи Рўдаки панду андарзи рўз аст.

Толибилмони Муассисаи давлатии Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ тибқи маҳорат ва истеъдоди хеш аз ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рўдаки-шоири шоирон саҳначаҳои гуногунро манзур намуданд. Толибилмон бо навбат синф ба синф аз ашъори шоири бузург, ки адабиёти қадимаи точиконро асос гузоштааст, шеърҳо қироат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари баромаду суханрониҳо инчунин дар чорабини гушаҳои алоҳида, аз шумори китобҳою ашъори шоир ва асбобу анҷоми рўзгори замони шоир ба марази тамошо гузошта шуд.

 

 

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ  7.09.2022

Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби

Президенти барои хонанадагони болаёқати шаҳри Хоруғ чорабинӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Ғуломайдарзода Парӣ баргузор гардид. Дар саҳни мактаби Президентӣ намоиши дастовардҳои мактаб дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бамараз гузошта шуданд. Дар ин намоишгоҳ дастоварди ғолибони вилоятиву ҷумҳуриявӣ , рассомон , варзишгарони ҷавон ба намоиш гузошта шуданд. Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид. Директори мактаби Президентӣ Мавлуда Бойназарзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, омӯзгорон ва хонандагони ин боргоҳи маърифатро бо ин рӯзи бузурги таърихӣ табрику таҳният намуд ва иброз дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонист Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоянд . Соҳибистиқлол шудани кишварамон роҳи моро ба сӯи фардои дурахшон ҳамвор месозад. Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили он барои ҳар як сокини Тоҷикистон бахти баланд ва шарафу эътибори бузург мебошад.

Муовини раиси шаҳри Хоруғ Ғуломайдарзода Парӣ Мирафганд устодон ва хонандагонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳои санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо ба гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту раҳнамоӣ месозад.

Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад, ки бо заҳмату талошҳои шабонарузии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба даст омад.

Сипас наворҳо аз фаъолияти 31 соли бобарор ва хизмати шоёни фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуданд. Рақсу сурудҳои дилнишин анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.

Бархе аз хонандагон бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

Рӯзи Президент дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ»

Бахшида ба Рӯзи Президент дар муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ чорабинии сиёсӣ- фархангӣ аз ҷониби хонандагони ин боргоҳи маърифат дар сатхи баланд гузаронида шуд. Дар ин рӯзи фархунда аз ҷониби директори мактаб Конунзода Шодигул ба хонандагоне, ки тахсилоти миёнаи асосиро бо аттестати аъло хатм намуданд, шаҳодатномаҳо такдим карда шуданд.

Бояд кайд намуд, ки аз сабаби бемории Ковид-19 шаходатномахо дар вакти муайян ба хонандагон такдим нашуданд ва имрӯз салоҳ дониста шуд, ки бахшида ба ин рӯзи таърихи соҳиби аттестати аъло гардиданд.

 

 

 

 

Шоҳтемур дар мактаби Президентии ш. Хоруғ

Шогирдони Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хоруғ ба хотири бузургдошти ҷашни 120 – солгагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур барномаи фарҳангӣ — мусиқии пурмазмуне омода карда, онро ба аҳли мактаб ва бошандагони кӯчаҳои наздики он ба тамошо монданд. Толибилмон ба он ноил гаштанд, ки бо истифода аз саҳна, рушноӣ, либос, мусиқӣ, сурудхонӣ, комёбиҳои фанновариву иттилоотӣ порчаҳои ҳаёти Шоҳтемурро хеле муассир, дилчаспу дилрас ҷилва диҳанд.
 Аз мазмуну мундариҷаи барномаи фарҳангиву ҳунарии омодакардаашон бармеомад, ки талабаҳо зиндагиномаи пуршӯру шарари Шоҳтемурро хеле амиқ медонанд.
Яке аз хонандагон зимни суханрониаш барҳақ ишора ишора ба он кард, ки сирру асрори муваффақияти зиндагии кӯтоҳи Шоҳтемур дар он буд, ки вай тайи умри кӯтоҳаш аз пайи омӯхтани илму дониш буд, кӯтоҳтарин лаҳзаҳои фароғат ва кӯчактарин имконро ба омӯзиш мебахшид, аз овони наврасӣ тамоми пули бадастовардаашро барои хондан ва такмили шахсияти худаш истифода мекард.
Нақши Шириншоҳ Шоҳтемурро хонандаи синфи 11 –и ҳамин муассиса Кишвар Шоназиров хеле табиӣ ва ҷаззоб бозӣ кард.
Аз ҷониби муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода ва муаллифи ин сатрҳо ба хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони миллат иттилооти иловагӣ дода шуда, ба китобхонаи Мактаби Президентӣ китоби «Где бы то ни было, среди таджиков», ки аз маҷмӯи номаҳо, баромадҳо, маърӯзаҳо, таҳлилҳо, мақолаҳои дар маҷаллаву рӯзномаҳои вақт нашршудаи Ш.Шоҳтемур иборат аст, тақдим гардид.
Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ собиқаи тӯлонии фаъолият надошта бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимоти миёна дар қаламрави вилоят маҳсуб мешавад. Дар ин мактаб хонандагон на танҳо аз навоеҳи вилоят, балки аз нуқоти дигари ҷумҳурӣ низ ба таҳсил машғуланд. Солҳои охир даҳҳо хатмкардаи ин мактаб бидуни мушкилие ба макотиби олии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дохил гардида, кунун бо муваффақият таҳсил карда истодаанд.
Коршиносони арсаи маориф мегӯянд, аз бозе, ки муаллима Шодигул Қонунзода сарвари ин таълимгоҳи бузург таъин гардид, вазъи таълиму тарбия, фаро гирифтани талабаҳо ба омӯзиши интерактивӣ, равияҳо ва пружаҳои гуногун ба маротиб беҳтар гардида хонандагон дар риштаҳои гуногуни арсаи омӯзиш хеле фаъол ва беш аз пеш комёб шудаанд.
Толибилмони Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ ваъда доданд, ки шоҳтемурвор мехонанд ва барои зиндагии сазовор ва рангин ҷаҳду ҷадал мекунанд.

 

 

Ҷашни Меҳргон дар  Мактаби Президентӣ

Рӯзи меҳру  моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр  бифзой, эй нигори  моҳчеҳри  меҳрубон.

Меҳргон  низ ба мисли Наврӯз яке аз ҷашнҳои  бостонӣ буда, аз қадим  ҳамчун мероси фарҳангию маънавӣ боқӣ мондааст. Солҳои  мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ  Меҳргон  қариб аз байн рафта буд.  Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷашну суннатҳои миллӣ  аз нав эҳё гардиданд. Эҳёи арзишҳои фарҳангию таърихӣ ҷанбаи хештаншиносии ҷомеаро  дар назди ҷомеаи  ҷаҳонӣ  муаррифӣ месозад.  Аз манбаъҳои таърихӣ маълум мегардад, ки ҷашни Меҳргон  рӯзи шонздаҳум, яъне рӯзи меҳр   ва моҳи ҳафтуми  солшумории  шамсӣ, яъне дар меҳрмоҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид.Гуфтан ба маврид аст, ки  Наврӯз ва Меҳргон ҳамчун рамзи покӣ  ва озодагии  нажоди ориёӣ  қабл аз зуҳури  Зардушт  ба вуҷуд омада, дар масири таърих бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Бо итминони комил  метавон гуфт, ки мардуми шарафманди  Тоҷикистон  Меҳргонро ба мисли Наврӯз  ҷашн мегиранд. Боиси  ифтихор аст, ки дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ ин ҷашни фарҳангию таърихӣ дар сатҳи баланди хештаншиносӣ таҷлил гардид. Толибилмони синфҳои шаш ва ҳафти ин боргоҳи илму адаб  таҳти роҳбарии муаллимаи фанни биология Каримова Уриниссо  дар таърихи 17-10 -2019 тавонистанд  якбори дигар аз фарҳанги миллии мардуми тоҷик ёдоварӣ намуда,   бо як мароми хос  ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ҷашни Меҳргонро гузаронданд. Ифтихор аз он дорем , ки хонандаи имрӯз аз таърихи гузаштаи худ  ёд мекунад ва арҷгузорӣ ба он менамояд.

Вохӯрии хонандагони синфи 11 мактаби Президентӣ  бо намояндагони донишгоҳи Толяти.

Дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани  олами фонист. Инсон  ба василаи он  ҳар гуна мушкилотро  ҳал менамояд ва ба рӯйи худ дари бахту  саодатро  мекушояд. Аз ин рӯ ҳамасола  дар мактаб вохӯриҳо бо хонандагони  синфи 11 ва  намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва дохилӣ гузаронида мешавад. Таърихи 16-уми апрели соли 2019 намояндагони донишгоҳи Талятии Фдератсияи Россия бо хонандагони мактаб вохӯрӣ гузаронида, тамоми шарту шароити донишгоҳро ба хонандагон тариқи наворҳои видеои ба намош гузоштанд.Баъз аз анҷоми вохӯрӣ бо хонанадагон саволу ҷавоб намуданд ва ба ҳар яки онҳо буклетҳо  бо маълумоти муфассал  тақсим намуданд.

 

Рӯзи Ғалаба

Дар ҳама давру замонҳо

Набароред аз ёд

Рафтагонро

Баҳри хушбахтии мо дар хоки сиёҳ

Хуфтагонро!

Гузашти вақт  наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории  халқи советиро, ки барои ҳифзи ватани хеш бархоста буд, зудояд. 9-уми май соли 1945  Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот  ва ифтихормандии  миллатҳои  музаффар хоҳад буд. “Корнамоӣ ва ҷонфидоии  модарону падарон моро даъват менамояд, ки ватанамонро азизу гиромӣ  дорем ва барои  ободии  кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем”- мегӯяд президенти кишвар дар Муроҷиатномаи худ ба ветеранҳои ҷанг. Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши  корномаҳои  бемисли  сарбозони  ватан сари таъзим  фуруд меорем. Хонандагони синфи 8 мактаби Президенӣ таҳти роҳбарии Мирзомамадова Р. бахшида ба 74-солагии Иди Ғалаба чорабинӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ директори мактаб Қонунзода Шодигул, ҷонишини директор оид ба тарбия  Шоиков Ш. иштирок намуда, дар ҷамъбасти  чорабинӣ директори мактаб Қонунзода Ш. тамоми хонандагон ва омӯзгоронро бахшида ба ин рузи фархунда табрику таъният намуданд.

 

 

Конфронс бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Ҳар ки бо меҳру вафо  бар халқ хидмат мекунад.

Номи худро  сархати девони миллат мекунад.

Оре, пирӯзӣ дар ҷанг дӯстиву бародарии  халқҳои мухталиф, вале якдилу якзабони Шӯравӣ буд. Мардум ҷон дар каф ҳар ваҷаби  марзу буми хешро  мардонавор ҳимоя мекард. Нерӯи тавонои мардум рӯҳи шикастнопазири  душманро шикаст. 8-уми майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ  имзо гузошт. Баъдан 9-уми май Иди  Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Ҳар сол мардуми шарифи Тоҷикистон Иди Ғалабаро ҳам бо нишот ва ҳам бо андӯҳ истиқбол мегиранд. Бахшида ба ин ид дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Конфронси илмӣ амалӣ таҳти шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”аз ҷониби хонандагони синфи 10 ва тамоми омӯзгорни фанни таърих гузаронида шуд.

 

 

Рӯзи кайҳонавардон

Дар қатори дигар ҷашну маросимҳо ҳамасола  дар мактаби Президентӣ  12-уми апрел Рузи кайҳонавардон  ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз иттиҳодияи методии физика ва математика таҳти роҳбарии Шоиков Инъомшо  бо ҳамроҳии  омӯзгорон  ва хонандагон синфи 10 бо як самимияти хос чорабинӣ гузаронда шуд. Ин чорабинӣ ба тариқи  векторина  байни хонандагон  оиди кайҳоншиносӣ  маҳрази тамошобинон гардид. Дар охири чорабинӣ маъмурияти мактаб Қонунзода Ш. ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо тақдим намуданд.

 

 

Cоли сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот

Бахшида ба соли сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот, ки аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон  гардидани соли 2019-2021 дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ хонандагони синфи 7-ум бо роҳбарии муаллимаи фанни технология Идоятова Бибиноз ҳунарҳои дастии хонанадагон маърази тамошобинон гардонд. Дар ин намоиш ҷонишини директор оид ба тарбия Шоиков Ш. ва дигар омӯзгорону хонандагони мактаб ширкат варзида, баро аз худ намудани ҳунарҳои гуногуни хонандагон баҳои арзанда дода шуд. Беҳбудии кор дар он буд, ки хонандагон аз мероси аҷдодии худ ва ҳунарҳои  мардумӣ огоҳ шуда, ҳеҷ вақт намегузоранд, ки ин фарҳанг аз даст равад.

 

Наврӯз ҷаҳони шуд

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст аввалин касе, ки ӯро ҷашн гирифт як подшоҳи форс ба номи Ҷамшед буд.

Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҷаҳонӣ гардид, ки аз ҷониби СММ эътироф шудааст. Барраси намудани эҳёи суннатҳои

Наврӯз барои насли наврас, ҷавонон аҳмияти калон дошта, онҳоро ба роҳи хештаншиносиву ватандӯстӣ, одобу ахлоқи  ҳамида,  ҳурмату  эҳтироми  калонсолон  ҳидоят   менамояд.

Вобаста  ба ин  дар  мактаби  Президентӣ  аз  нимаи  аввали моҳи  март  мувофиқи  нақшаи корӣ  чорабиниҳои  гуногун  фарҳангӣ, маънавӣ ва варзишӣ аз  қабили  виктаринаи  Наврӯзӣ  дар мавзуи « Мероси  адабии  тоҷикон»  байни  хонандагони  синфҳои  5 «а,б,в»  вохури бо шоирони   шинохтаи  Бадахшон  Лаълҷӯбаи  Мирзоҳасан  ва Гулниссо  Ризвоншоҳ  дар  китобхонаи  мактаб  доир  гардид, ки  дар он  хонандагони  синфҳои 5, 6  шеърҳои эҷодкардаи  худро  қироат  намуда, баъдан аз тарафи  шоирон   сӯҳбати  самимӣ,  саволу  ҷавоби  озод  баргузор  гардид, ки муждае  аз  омад- омади  Наврӯз  буд. Дар баробари ин дар синфҳои  ибтидоӣ  дар  таърихи  13.03.2019 сол дар  мактаб   барнома- чорабини маънавӣ бахшида  ба  Наврӯз  баргузор  гардид. Рӯзи 18 ва 19-уми март соли 2019 дар толори мактаби Президентӣ аз тарафи хонандагони синфҳои 2-гуруҳи русӣ ва тоҷикӣ чорабинии умуми-баргузор шуд, ки дар он директори мактаб Қонунзода Ш иштирок ва суханронӣ намуд.

Рӯзи 20-уми марти соли 2019 дар саҳнаи мактаби Президентӣ бо иштироки кулли омӯзгорон, мураббияҳо, хонандагон чорабини ҷамъбаст гардид, ки дар он намоянади ММХД-и вилоят Маҳтобшозода   Арамбегим, сардори маорифи вилоят Мардов Одинашоҳ иштирок карда, баромад намуданд.  Дар ин чорабинӣ ба ғайр аз баромади хонандагон намоиши хӯрокҳои миллӣ низ ба маърази тамошобинон гузошта шуда, ки бо гулу   пуфакҳои   рангоранг, парчами  давлатӣ ва  суманак  оро дода  шуда  буд . Ғайр аз ин дар ҳар як синф соатҳои тарбиявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз аз тарафи роҳбарони   синф бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим гузаронида шудаанд.

 

Конфронси илмӣ — назариявӣ бахшида ба 150-солагии Системаи даврии  Менделеев

Бахшида ба 150 солагии Системаи даврии  Менделеев  муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ Конфронси илмӣ — назариявӣ гузаронида шуд. Дар ин конфронс саҳми тамоми омӯзгорони фанни химия ва    хонандагони мактаб назаррас буд. Дар ин конфронсия директори мактаб муҳтарама, Қонунзода Шодигул  ва тамоми омӯзгорону хонандагон ширкат варзиданд. Инчунин, дар ин конфронсия донишҷӯёни факултети илмҳои табии аз Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд. Хонандагон дар ин конфронсия аввал таҷриба гузаронида, сипас суханрониҳо намуданд. Дар конфронсия ба ғайр аз хонандагон директори  мактаб муҳтарама  Қонунзода Шодигул   ва муаллими фанни химия Абдолбеков Алидод суханронӣ намуданд.

 

 

 

 

Артиши миллии Тоҷикистон

16- ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи  таърихию сарнавиштсози  XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри  машҳури Арбоби Хуҷанд мегузашт, қарор дар бораи  таъсис додани  артиши миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Маҳз, пас аз қабули  қарор  қисмҳо  ва  подрозделенаҳои аввалини Артиши  миллӣ ташкил дода мешавад.

23- феврвли соли 1993  дар майдони  Озодӣ (ҳоло Ваҳдат)  шаҳри Душанбе намоиши аввалини  ҳарбии қисмҳо ва подрозделенияҳои  армияи миллӣ  доир гардид. Ин рӯзи таърихӣ  дар таърихи  навини Тоҷикистони  тозаистиқлол  ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон дохил гардид. Аз ин хотир  иди Артиши  миллӣ  на танҳо ҷашни сарбозону афсарони Ватан, балки иди пуршарафи  тамоми мардуми шарифи  Тоҷикистон буда, пойдору устувор нигоҳ доштани он заминаи бақои  ҷовидонаи  давлатдории  миллии тоҷикон шуда метавонад.

Мо сипоҳи туем, эй Ватан, эй ватан.

Додхоҳи туем , эй ватан, эй Ватан.

Бахшида ба ин ҷашни фархунда хонандагони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ матонату ҷасорат ва ватандориро нишон дода. Исбот намуданд, ки Ватан чисту ватандор кист?

 

Ҳафтаи фанни забон ва адабиёти тоҷик

Мувофиқи нақшаи солонаи иттиҳодияи методии фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби Президентӣ  аз таърихи 11-уми феврал то 16-уми феврали соли 2019  ҳафтаи фанни забон ва адабиёти тоҷик  баргузор гардид. Дар тӯли як ҳафта  дар байни хонандагон озмунҳои

  • Байтбарак
  • Қироати шеър дар васфи Ватан, Модар, Забон
  • Нақшофарӣ аз рӯйи асар
  • Зинда намудани симои шоир
  • Иншои беҳтарин бахшидада ба Рӯзи байналмилалии забон дар мавзӯъҳои  “Забони мо — ҳастии мо”,    “Хизмат ба ватан сарфарозист”

дар рафти баргузории  ин ҳафта  ҷо дода шуданд. Дар охири ҳафта  иштироккунандагон ва ғолибони  ҳафтаи  фанни забон ва адабиёти тоҷик  муайян гардида, бо ифтихорномаҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

 

Коллегияи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хоруғ

Таърихи 14-01-2019 дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ коллегияи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ин коллегияро муовинони  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматуллоҳ Мадаюбович бо тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят гузаронданд. Инчунин, дар коллегия  муовинони дигари вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, Назирӣ Латофат Қаҳҳор, Усмонзода Фатҳиддин  Бадриддин ва муовини   раиси вилоят, куратори соҳаи маорифи вилоят Назира Амирбекзода иштирок намуданд.  Коллегия натиҷаи санҷиши  соҳаи маорифи вилоятро  баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро  қабул намуданд. Дар охири ҷамъбасти коллегия муовини   раиси вилоят, куратори соҳаи маорифи вилоят Назира Амирбекзода низ суханрониҳо намуданд.

 

 

 

Паёми Пешвои Миллат

Паёми  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи  26.12.2018 баргузор гардид, дар қатори  дигар  мақомотҳои  давлатӣ, мактаби Президентии шаҳри Хоруғ низ бо як идда муаллимон ва хонандагони ин  боргоҳи маърифат  тариқи шабакаи телевизионӣ бо диққати том гӯш карданд. Махсусан, он таъкидҳое, ки нисбати  Ватану ватандорӣ, забономӯзӣ, интихоби касби дуруст  иброз доштанд ба руҳу ҷони хонандагон меҳру муҳаббати  ватандорӣ , садоқат ба  ватан  ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дучанд зиёд гардид.

 

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Санаи 26.10.2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ  аз тарафи омӯзгорони фанни технология бо ҳамроҳии хонандагони синфҳои 5-9 намоиш гузаронида шуд. Дар ин намоиш  тамоми ҳунарҳои мардуми Бадахшонзамин  марази тамошобинон гардида буд. Инчунин  хонандагон баромадҳо намуданд. Дар ин намоиш директори  мактаб Қонунзода Ш. ва тамоми омӯзгорони мактаб ширкат намуда, ба кори хонандагон ва муаллимони фанни технология Гуламадов А. Ҳидоятова Б. Сангмамадова Б. ва Мардоншоева Г. баҳои баланд доданд ва изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

Озмуни ҳунарҳои мардумӣ

Мувофиқи  накшаи кории қисми тарбиявии Мактаби Президентӣ  таърихи 27.02.2018 дар муассиса  чорабини умуми мактабӣ бахшида  ба эълон шудани Соли сайёхи ва хунархои мардумӣ “ Озмуни хунарҳои мардумӣ байни хонандагони синфхои  5”а-б-в-г”,-6-“а-б-в-г”,7”а-б-в-г” баргузор гардид. Дар озмун  намояндагони ҷамъоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба хайси хаккамон иштирок  ва бахогузорй намуда, ғолибони озмунро бо ифтихорномахо  қадр  карда шуданд.

 

 

 

 

 

Рӯзи Модарон

Рузи 06.03.2018 дар мактаби Президентй бахшида ба тачлили Рузи Модар чорабинии чорабинии фархангй-фарогатй доир гардид ки дар ин чорабинй хонандагони синфи  5 “б” –тахти рохбарии рохбари синф Бахронова Сафармо баромад карданд.

Оғози чорабиниро директори муассиса Конунзода Шодигул ифтитох намуда, кулли омузгорон ва хонандагонро бо ин чашн табрик намуд.Баъд суханро ба яке аз омӯзгорй фаъол Аълочии Маорифи чумхурии Точикистон Рахмихудоева Хотун ки солиени зиед ба таълими тарбия машгул буданд , ки хамчун мехмон даъват шуда буд , медод.

Муаллима Рахмихудоева Хотун низ ахли  нишастро табрик намуда, оиди баланд бардоштани дониш ва маърифати хонандагон сухан намуда чорабиниро  хонандагони синфи 5”б” бо рохбарии рохбари синф Бахронова С бо суханони нек  дар васфи зан модар ва суруду мусиқӣ давом дода ҷамъбаст намуданд.

 

 

Рӯзи артиши милли

Бахшида ба 25-солагии таъс исёбии Артиши миллй дар толори  муассисаи  таълимий ҷамъомади татанавий бо иштироки собиқ полковник раё сати корхои дохилии вилоят Тошбек Назархудоев баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса Қонунзода Ш ифтитох  намуда хозиринро  ба муносибати таъсисё бии қуввахои мусаллах  табрик намуд, баъдан суханро ба собикадори мехнат полковник Назархудоев Т дод.Ӯ низ хозиринро  табрик намуда, ахли нишастро аз таъсисёбии Артиши Милли дар рузхои сахт огох намуд. Бояд қайд намуд ки Артиши милли қариб аз сифр сар намуда ва имруз то таъсиси Маркази идоракунии Ҷумҳурии қуввахои мусаллахи Тоҷикистон  расид. Дар охири  суханронияш кулли чавононро ба хифзи марзу буми Ватан  ва хизмат дар Артиши милли даъват кард. Анчомбахши чорабиниро хонандагони синфи 10”а”  бо шеъру суруд чамъбаст намуданд.

 

Мактаби  Президентӣ мувофиқи  нақша  чорабиниҳо  дар  таътили  зимистона   бисёр  корҳоро  анҷом  додааст 

Муддати  як  моҳ  шудааст, ки  омӯзгорон  қатии  хонандагон  озмуни  «Китобхони  беҳтарин » «Луғатдони  беҳтарин » ва  «Хаттоти  беҳтарин» — ро  гузаронидаанд . Хонандагони   синфҳои  3 – 6  аввалин  шуда  оиди   китобҳои  хондагиашон фикру  ақидаҳои  худро  баён намудаанд .

Дар  озмуни  даври  якум  60 нафар  хонанда  ширкат  варзида  32 – нафар  ба  даври   дуюми  озмун  гузаштанд . Натиҷаи  даври  дуюми  озмун  нишон  дод , ки  15 – нафар  хонанда  ҳуқуқи  иштирок  ба  даври  сеюми  озмун  пайдо  намуданд .

Дар  даври  сеюми  озмун  танҳо  се  нафар  танҳо  се нафар  хонанда  иштирок  доштанд.

Ҷойи  якум  хонандаи  синфи  4 «б» бо  400  китоби  хондашуда   Карамшоева  Амина  сазовор  шуд.

Ҷойи  дуюм  хонандаи  синфи  3 «а» бо  135  китоби  хондашуда   Ғарибмамадов  Муҳиз сазовор  шуданд.

Ҷойи  сеюм  хонандаи  синфи  3 «в» бо  85  китоби  хондашуда  Саъдилобеков  Содиқҷон  сазовор  шуданд.

Хонандагони  синфҳои  6 – 7  оиди  китобҳои  хондагиашон  хулосабарорӣ намуда , аз  байни  10 – нафар хонанда  танҳо  се  нафар  ҳуқуқи   иштирок  дар  даври сеюмро  пайдо  намудаанд.

Ҷойи  якум  насиби   Афзунов  Мустафо

Ҷойи  дуюм сазовори  Шерзамонов  Анис

Ҷойи  сеюм  сазовори  Масирати  Сайидазиз

Инчунин  хонандагони  синфҳои   8-9-10  китобҳои  хондаашонро  презинтасия  намуда  , ду  нафар  хонандагони  синфҳои  9 ғолибият  ба  даст  оварда  дар  даври   сеюми  озмун  иштирок  кардаанд. Инҳо : Абдулмаҷидов  Абдуламир  ва  Дониши  Шамсизода

Дар  озмун  инчунин  омӯзгорони   синфҳои  ибтидоӣ  ва  волидайн  ширкати  озод  доштанд.

Ғолибон  бо  ифтихорномаҳои  директори  муассисаи  таълимии  давлатии  Мактаби  президентӣ  Қонунзода  Шодигул  сарфароз  гардиданд.

Озмуни  «Китобхони  беҳтарин»  тариқи  телевизиони  маҳаллӣ  намоиш  дода шуд .